681. КУШТАНИ АРДАШЕР ҲАФТВОДРО
Чу огоҳ шуд з-он сухан Ҳафтвод,
Дилаш гашт пурдарду лаб пур зи бод.
Биёмад, ки дижро кунад хостор,
Бар он бора баршуд дамон шаҳрёр.
Бикӯшид чанде, наёмад-ш суд,
Ки бар бораи диж пайи шер буд.
В-аз он рӯй лашкар биёмад чу кӯҳ,
Бимонданд бо доғу дард он гурӯҳ.
Чунин гуфт аз он бора шоҳ Ардашер,
Ки «Бифроз ҷанг, эй яли Шаҳргир.
Агар гум шавад з-ин миён Ҳафтвод,
Намонад ба чанги ту ҷуз ранҷу бод,
Ки ман кирмро додам арзизи гарм
Шуд он давлату рафтани тез нарм».
Шунид он ҳама лашкар овози шоҳ,
Ба сар барниҳоданд з-оҳан кулоҳ,
Аз он дил гирифтанд эрониён,
Бубастанд аз баҳри кина миён.
Сӯи лашкари кирм баргашт бод,
Гирифтор шуд дарзамон Ҳафтвод.
Ҳамон низ Шоҳуи айёри ӯй,
Ки меҳтарписар буду солори ӯй,
Фуруд омад аз диж давон Ардашер,
Пиёда бишуд пеши ӯ Шаҳргир.
Бибурданд болои зарринситом,
Нишаст аз бараш хусрави некном.
Бифармуд пас шаҳрёри баланд
Задан пеши дарё ду дори баланд.
Ду бадхоҳро зинда бар дор кард,
Дили душман аз хоб бедор кард.
Биёмад зи қалби сипаҳ Шаҳргир,
Бикушт он ду танро ба борони тир.
Ба тороҷ дод он ҳама хоста,
Шуд аз хоста лашкар ороста.
Зи диж ҳар чи буд, аз карон то карон.
Фуруд овариданд фармонбарон.
Зи пурмоятар ҳарчи буд дилпазир,
Ҳаме тохт то Хурраи Ардашер.