682. БАР ТАХТ НИШАСТАНИ АРДАШЕР
Ба Бағдод биншаст бар тахти оҷ,
Ниҳода ба сар-бар зи пирӯза тоҷ,
Камар баставу гурзи шоҳон ба даст,
Биёроста ҷойгоҳи нишаст.
Шаҳаншоҳ хонанд аз он пас варо,
Зи Гуштосп нашнохтӣ кас варо.
Чу тоҷи бузургӣ ба сар барниҳод,
Чунин кард бар тахти пирӯза ёд,
Ки андар ҷаҳон дод ганҷи ман аст,
Ҷаҳон зинда аз бахту ранҷи ман аст.
Кас ин ганҷ аз ман наёрад ситад,
Бад ояд ба мардум зи кирдори бад.
Чу хушнуд бошад ҷаҳондори пок,
Надорад дареғ аз ман ин тирахок.
Ҷаҳон сарбасар дар паноҳи ман аст,
Писандидани дод роҳи ман аст,
Набояд, ки аз кордорони ман,
Зи сарҳангу ҷангисаворони ман
Бихуспад касе дил пур аз орзуй,
Гизоянда бо мардуми некхӯй.
Кушодаст бар ҳар кас ин боргоҳ
Зи бадхоҳу аз мардуми некхоҳ.
Ҳама анҷуман хонданд офарин,
Ки обод бодо ба додат замин.
Фиристод бар ҳар сӯе лашкаре,
Ки то ҳар кӣ бошад зи душман саре,
Сари кинаваршон ба роҳ оваранд,
Гар оини шамшеру гоҳ оваранд.