Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

683. САРГУЗАШТИ АРДАШЕР БО ДУХТАРИ АРДАВОН

Бад-он гаҳ, ки шоҳ Ардавонро бикушт, Зи хуни вай овард гетӣ ба мушт. Чу ӯ кушта шуд, духтарашро бихост, Бад-он то бигӯяд, ки ганҷаш куҷост. Ду фарзанди ӯ шуд ба Ҳиндустон, Ба ҳар неку бад гашта ҳамдостон, Ду дар банду зиндони шоҳ Ардашер, Падар куштаву зинда хаста ба тир. Ба Ҳиндустон буд меҳтар писар, Ки Баҳман будӣ номи ӯ пурҳунар. Фиристодае ҷуст борою ҳуш, Ҷавоне ки дорад ба гуфтор гӯш. Чу аз подшоҳӣ надид эч баҳр, Бад-ӯ дод бегоҳ як пора заҳр. Бад-ӯ гуфт: «Рав пеши хоҳар, бигӯй, Ки аз душман ин меҳрубонӣ маҷӯй. Туро ду бародар ба Ҳиндустон, Ба ранҷу бало гашта ҳамдостон. Ду он ҷо ба зиндони шоҳ-андарун, Ду дида пур аз обу дил пур зи хун, Ту аз мо гусаста бад-ин гуна меҳр, Писандад чунин Кирдгори сипеҳр? Чу хоҳӣ, ки бонуи Эрон шавӣ, Ба гетӣ писанди далерон шавӣ. Ҳалоҳил чунин заҳри ҳиндӣ бигир, Ба кор ор якбора бар Ардашер». Фиристода омад ба ҳангоми шом, Ба духти гиромӣ бидод ин паём. Варо ҷону дил бар бародар бисӯхт, Ба кирдори оташ дилаш барфурӯхт. Зи доранда бистад гаронмоя заҳр, Бад-он буд, ки бардорад аз ком баҳр. Чунон буд, ки як рӯз шоҳ Ардашер Ба нахчир букшод бар гӯр тир. Чу бугзашт ниме зи рӯзи дароз, Сипаҳбад зи нахчиргаҳ гашт боз. Сӯи духтари Ардавон шуд зи роҳ, Давон моҳчеҳра бишуд назди шоҳ.