684. ЗОДАНИ ШОПУРИ АРДАШЕР
Ба дил гуфт мӯбад, ки бад рӯзгор,
Ки фармон чунин омад аз шаҳрёр.
Ҳама маргроем, барнову пир,
Надорад писар шаҳрёр Ардашер.
Гар ӯ бешумар солиён бишмарад,
Ба душман расад тахт, к-ӯ бугзарад.
Ҳамон беҳ, к-аз ин кори носудманд,
Ба мардӣ яке рой созам баланд,
Зи куштан раҳонам ман ин моҳро,
Магар з-ин пушаймон кунам шоҳро».
Ҳар он гаҳ к-аз ӯ бачча ояд ҷудо,
Ба ҷой орам ин кинаи подшо.
На корест, к-аз дил ҳаме бугзарад,
Хирадманд бошам беҳ аз бехирад.
Биёрост ҷое ба айвони хеш,
Ки дорад варо чун тану ҷони хеш.
Ба дил гуфт, агар ҳеҷ боди ҳаво
Бубинад варо, ман надорам раво.
Пас андеша кард он, ки душман бас аст,
Гумони баду нек бо ҳар кас аст.
Яке чора созам, ки бадгӯи ман
Наронад ба бад об дар ҷӯи ман.
Ба ҷое шуду хоя бибрид паст,
Бар ӯ доғу дору ниҳоду бубаст.
Ба хоя намак барпароканд зуд,
Ба ҳуққа дарафканд бар сони дуд.
Ҳам андар замон ҳуққаро мӯҳр кард,
Биёмад хурӯшону рухсора зард.
Ниҳоданд бар пеши тахти баланд,
Ҳамон ҳуққа дар даст бо мӯҳру банд.
Чунин гуфт бо шоҳ, к-«ин зинҳор,
Супорад ба ганҷури худ шаҳрёр.
Набишта бад-он ҳуққа таърихи он,
Падидор карда паю бехи он».