685. ЗОДАНИ ШОПУР ПИСАРИ АРДАШЕР АЗ ДУХТАРИ АРДАВОН ВА ПАС АЗ ҲАФТ СОЛ ОГОҲӢ ЁФТАНИ АРДАШЕР АЗ ОН ВА ШИНОХТАН ӮРО
Чу ҳангомаи зодан омад фароз,
Аз он кор бар бод накшод роз.
Писар зод аз ин духтари Ардавон,
Яке хусравоини равшанравон,
Аз айвони хеш анҷуман дур кард,
Варо ном дастур Шопур кард.
Ниҳонаш ҳаме дошт то ҳафт сол,
Яке шоҳфаш гашт бо фарру ёл.
Чунон буд, ки рӯзе биёмад вазир,
Бидид об бар чеҳраи Ардашер.
Бад-ӯ гуфт: «Шоҳо, анӯша бадӣ,
Ниҳонро ба андеша тӯша бадӣ!
Зи гетӣ ҳама коми дил ёфтӣ,
Сари душман аз тахт бартофтӣ.
Кунун гоҳи шодиву май х(в)ардан аст,
На ҳангоми андеша парвардан аст.
Замин ҳафт кишвар ба шоҳӣ турост,
Сипоҳиву гоҳиву роҳӣ турост».
Чунин дод посух бад-ӯ шаҳрёр,
Ки «Эй покдил мӯбади роздор.
Замона ба шамшери мо гашт рост,
Ғаму ранҷу нохубӣ аз мо бикост.
Маро сол бар панҷаҳу як расид,
Зи кофур шуд мушку гул нопадид.
Писар боядӣ пешам акнун ба пой,
Дилорову нерудеҳу раҳнамой.
Падар бе писар чун писар бе падар,
Ки бегона ӯро нагирад ба бар.
Пас аз ман ба душман расад тоҷу ганҷ,
Маро хок суд ояд аз дарду ранҷ».
Ба дил гуфт бедормарди куҳан,
Ки омад кунун рӯзгори сухан.
Бад-ӯ гуфт, к:-«Эй шоҳи кеҳтарнавоз,
Ҷавонмарду равшандилу сарфароз,
Гар эдун, ки ёбам ба ҷон зинҳор,
Ман ин ранҷ бардорам аз шаҳрёр».
Бад-ӯ гуфт шоҳ: «Эй хирадманд мард,
Чаро боядам ҷони ту ранҷа кард?