Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

686. ГӮЙ ЗАДАНИ ШОПУР ВА ШИНОХТАНИ ӮРО ПАДАР

Биёмад ба шабгир дастури шоҳ, Бибурд он ҳама кӯдаконро ба гоҳ. Ба як ҷомаву чеҳру боло яке, Ки пайдо набуд ин аз он андаке. Ба майдон ту гуфтӣ яке сур буд, Миён-андарун шоҳ Шопур буд. Чу кӯдак ба захм андаровард рӯй, Фузунӣ ҳаме ҷуст ҳар як ба гӯй. Биёмад ба майдони хеш Ардашер, Тане чанд аз он вижагон ногузир. Нигаҳ карду чун кӯдаконро бидид, Яке боди сард аз ҷигар баркашид. Ба ангушт бинмуд бо кадхудой, Ки инак магар Ардашере ба ҷой? Бад-ӯ роҳбар гуфт, к-«Эй подшо, Дилат шуд ба фарзандии ӯ гуво. Яке бандаро гуфт шоҳ Ардашер, Ки: «Эй марди бинодилу ёдгир! Ҳаме бош бо кӯдакон тозарӯй, Ба чавгон ба пеши ман андоз гӯй. Аз он кӯдакон он кӣ ояд далер, Миёни саворон ба кирдори шер. Зи дидори ман гӯй берун барад, Аз он анҷуман кас ба кас нашмарад Бувад бегумон покфарзанди ман, Зи тухму бару ёлу пайванди ман. Ба фармон бишуд бандаи шаҳрёр, Бизад гӯю афканд пеши савор. Давон кӯдакон аз паси ӯ чу тир, Чу гаштанд наздик бо Ардашер, Бимонданд ноком бар ҷойи хеш, Биёмад ҳамон гоҳ Шопур пеш, Зи пеши падар гӯй бирбуду бурд, Чу шуд дуртар, кӯдаконро супурд. Зи шодӣ чунон шуд дили Ардашер, Ки гардад ҷавон мардуми гашта пир. Саворонаш аз хок бардоштанд, Ҳаме даст бар даст бугзоштанд.