Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

687. ФОЛ ПУРСИДАНИ АРДАШЕР АЗ КАЙДИ ҲИНДӢ

Чу Шопур шуд ҳамчу сарви баланд, Зи чашми бадаш буд бими газанд. Набудӣ ҷудо як замон з-Ардашер, Мар ӯро чу дастур гашту вазир. Напардохтӣ шоҳ рӯзе зи ҷанг, Ба шодӣ набудиш ҷойи диранг. Чу ҷое зи душман бупардохтӣ, Дигар бадкуниш сар барафрохтӣ. Ҳаме гуфт, к-аз Кирдгори ҷаҳон Бихоҳам ҳаме ошкору ниҳон, Ки бе душман орам ҷаҳонро ба даст, Набошам магар пок яздонпараст. Бад-ӯ гуфт фархунда дастури ӯй, Ки «Эй шоҳи равшандилу роҳҷӯй! Сӯи Кайди ҳиндӣ фиристем кас, Ки донишпажӯҳ асту фарёдрас. Бидонад шумори сипеҳри баланд, Дари шодмониву роҳи газанд. Агар ҳафт кишвар туро беҳамол Ҳаме буд, хоҳад бидонад ба фол. Чу бишнид, бугзид шоҳ Ардашер Ҷавоне гаронмояи тезвир. Фиристод наздики донои Ҳинд Басе аспу динору чинипаринд. Бад-ӯ гуфт: «Рав пеши доно, бигӯй», Ки эй марди некахтари роҳҷӯй, Ба ахтар нигаҳ кун, ки то ман зи ҷанг Кай осояму кишвар орам ба чанг? В-агар мисли ин то набошам ба ранҷ, Бар ин гуна напроканам низ ганҷ. Биёмад фиристодаи шаҳрёр Бари Кайд бо ҳадяву бо нисор. Бигуфт он чи бо вай шаҳаншоҳ гуфт, Ҳама розҳо баркушод аз нуҳуфт, Бипурсид аз ӯ Кайду ғамхора гашт, Зи пурсиш сӯи донишу чора гашт. Биёвард суллобу ахтар гирифт, Яке зиҷи ҳиндӣ ба бар даргирифт,