Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

688. БА ЗАНӢ ГИРИФТАНИ ШОПУР ДУХТАРИ МЕҲРАКРО

Чу лахте баромад бар ин рӯзгор, Фурӯзанда шуд ахтари шаҳрёр. Ба нахчир шуд шоҳ рӯзе пагоҳ, Хирадманд Шопур бо ӯ ба роҳ. Ба ҳар сӯ саворон ҳаметохтанд, Зи нахчир даште бипардохтанд. Падид омад аз дур ҷое фарох, Пур аз боғу майдону айвону кох. Ҳаметофт Шопур то пеши деҳ, Фуруд омад аз роҳ бар хони меҳ, Яке боғ буд гашн андар сарой, Ҷавон андаромад бад-он сабзҷой. Яке духтаре дид бар сони моҳ, Фурӯ ҳишта аз чарх далве ба чоҳ. Чу он моҳрух рӯи Шопур дид, Биёмад, бар ӯ офарин густарид, Ки шодон бадӣ, шоду хандон бадӣ, Ҳамасола аз бегазандон бадӣ. Кунун бегумон ташна бошад сутур, Бад-ин деҳ бувад об якрӯя шӯр. Ба чоҳ-андарун оби сард аст х(в)аш, Бифармой, то ман бувам обкаш. Бад-ӯ гуфт Шопур, к-«Эй моҳрӯй! Чаро ранҷа гаштӣ бад-ин гуфтугӯй, Ки ҳастанд бо ман парастандамард, К-аз ин чоҳи бебун кашанд оби сард. Канизак зи барно бипӯшид рӯй, Бишуд дуру биншаст дар пеши ҷӯй. Парастандаеро бифармуд шоҳ, Ки «Ташт овару об баркаш зи чоҳ». Парастанда бишниду омад давон, Расан буд бо далву чархи равон, Чу он далв дар чоҳ пуроб гашт, Парастандаро рӯй пуртоб гашт. Чу далви гарон барнаёмад зи чоҳ, Биёмад давон тез Шопуршоҳ. Парастандаро гуфт, к «Эй нимзан! На зан дошт ин далву чарху расан?