Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

689. ЗОДАНИ УРМУЗДИ ШОПУР АЗ ДУХТАРИ МЕҲРАК

Басе барнаёмад бад-ин рӯзгор, Ки сарви саҳӣ чун гул омад ба бор. Чу нӯҳ моҳ бугзашт бар моҳрӯй, Яке кӯдак овард ҳамтои ӯй. Ту гуфтӣ, ки боз омад Исфандёр, В-агар номдор Ардашери савор. Варо подшо ном кард Урмузд, Чу сарве буд андар миёни фурузд. Чунин то баромад бар ин ҳафт сол, Бибуд Урмузд аз ҷаҳон беҳамол. Зи ҳар кас ниҳонаш ҳамедоштанд, Ба ҷое ба бозиш нагзоштанд. Ба нахчир шуд ҳафт рӯз Ардашер, Бишуд низ Шопури нахчиргир. Ниҳон Урмузд аз миёни гурӯҳ, Биёмад, к-аз омӯхтан шуд сутӯҳ. Даромад ба майдони шоҳ Ардашер, Камон дошт бар дасту ду чӯба тир. Або кӯдаке чанд чавгону гӯй, Ба майдони шоҳ омад он номҷӯй. Ҷаҳондор ҳам дарзамон бо сипоҳ Даромад ба майдон зи нахчиргоҳ. Або мӯбадон мӯбади тезвир Чу надики майдон расид Ардашер, Бизад кӯдаке тез чавгон зи роҳ, Бишуд гӯй гардон ба наздики шоҳ. Нарафтанд аз эшон паси гӯй кас Бимонданд ноком бар ҷой бас. Давон Урмузд аз миёна бирафт Ба пеши ҷаҳондор чун бод тафт. Зи пеши ниё тез бардошт гӯй, В-аз ӯ гашт лашкар пур аз гуфтугӯй. В-аз он пас хурӯше баровард сахт, К-аз ӯ хира шуд шоҳи бедорбахт. Ба мӯбад чунин гуфт, к-«Эй покзод! Нигаҳ кун, ки то аз кӣ дорад нажод?» Бипурсид мӯбад, надонист кас, Ҳама хомӯшӣ баргузиданду бас.