690. ТАДБИР СОХТАНИ АРДАШЕР ДАР КОРИ ПОДШОҲӢ
Зи фарру ҳунармандии Ардашер
Сухан бишнаву як ба як ёд гир.
Бикӯшиду оини некӯ ниҳод,
Бигустурд бар ҳар касе меҳру дод.
Ба даргоҳ чун хост лашкар фузун,
Фиристод бар ҳар сӯе раҳнамун,
Ки то ҳар касеро, ки дорад писар,
Намонад, ки боло кунад беҳунар.
Саворӣ биёмӯзаду расми ҷанг,
Ба гурзу камону ба тири хаданг,
Чу кӯдак зи кӯшиш банерӯ шудӣ,
Ба ҳар бахш-андар беоҳу шудӣ,
Зи кишвар ба даргоҳи шоҳ омадӣ,
Бад-он номвар боргоҳ омадӣ.
Навиштӣ араз ному девони ӯй,
Биёростӣ коху майдони ӯй.
Чу ҷанг омадӣ наврасида ҷавон,
Бирафтӣ зи даргоҳ бо паҳлавон.
Яке мӯбадеро зи корогаҳон,
Ки будӣ харидори кори ҷаҳон,
Або ҳар ҳазоре яке корҷӯй
Бирафтӣ, нигаҳ доштӣ кори ӯй.
Ҳар он кас, ки дар ҷанг суст омадӣ,
Ба овард нотандуруст омадӣ,
Шаҳаншоҳро нома кардӣ бад-он,
Ҳам аз беҳунар, ҳам зи ҷанговарон.
Ҷаҳондор чун нома бархондӣ,
Фиристодаро пеш биншондӣ.
Ҳунармандро хилъат оростӣ,
Зин ганҷ, он чи пурмоятар, хостӣ.
Чу кардӣ нигоҳ андар он бадҳунар,
Набастӣ миён ҷангро бештар.
Чунин то сипоҳаш ба ҷое расид,
Ки паҳнои эшон ситора надид.
Аз эшон касе, ки будӣ ройзан,
Сарашро барафрохтӣ з-анҷуман.
Бигаштӣ мунодигаре дар сипоҳ,
Ки «Эй номдорону гурдони шоҳ!