Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

691. АНДАРЗ КАРДАНИ ШОҲ АРДАШЕР МЕҲТАРОНИ ЭРОНРО

Чу аз Руму аз Чину аз Турку Ҳинд, Ҷаҳон шуд мар ӯро чу румипаринд, Зи ҳар мард пайваста шуд божу сов, Касеро набуд бо ҷаҳондор тов. Ҳама меҳтаронро зи Эрон бихонд, Сазовор бар тахти шоҳӣ нишонд. В-аз он пас ҷаҳондор бар пой хост, Ба хубӣ биёрост гуфтор рост. Чунин гуфт, к-«Эй номдорони шаҳр, Зи рою хирад ҳар кӣ доред баҳр, Бидонед, к-ин тез гардонсипеҳр Нанозад ба доду наёзад ба меҳр. Ҳар онро ки хоҳад, барорад баланд, Ҳам ӯро супорад ба хоки нажанд. Намонад ба ҷуз номи ӯ дар ҷаҳон, Ҳама ранҷ бо ӯ шавад дар ниҳон. Ба гетӣ мамонед ҷуз номи нек, Ҳар он кас, ки хоҳад саранҷоми нек. Туро рӯзгор Урмузд он бувад, Ки хушнудии покяздон бувад. Ба Яздон гирою ба Яздон кушой, Ки доранда ӯясту некифизой. Зи ҳар бад ба дорои гетӣ паноҳ, Ки ӯрост бар неку бад дастгоҳ. Кунад бар ту осон ҳама кори сахт, Аз ӯӣ дилафрӯзу пирӯзбахт. Нахустин зи кори ман андоза гир, Гузашта баду неки ман тоза гир. Чу кардам ба дорои гетӣ паноҳ, Ба дил шодмон гаштам аз тоҷгоҳ, Замин ҳафт кишвар ба шоҳӣ марост, Чунон к-аз худовандии ӯ сазост. Ҳаме бож ёбам зи Руму зи Ҳинд, Ҷаҳон шуд маро ҳамчу румипаринд. Сипосам зи Яздон, ки ӯ дод зӯр, Баландахтару бахши кайвону ҳур. Ситоиш кӣ донад сазовори ӯй, Ниёиш ба оини кирдори ӯй!