692. АНДАРЗ КАРДАНИ АРДАШЕР МАРДУМОНРО
Ба гуфтори ин номдор Ардашер
Ҳама гӯш доред барнову пир.
Ҳар он кас, ки донад, ки додор ҳаст,
Набошад магар пок яздонпараст.
Дигар он ки дониш магиред хор,
Агар зердастед, агар шаҳрёр.
Се дигар бидонӣ, ки ҳаргиз сухан
Нагардад бари марди доно куҳан.
Ҷаҳорум, чунон дон, ки бими гуноҳ
Фузун бошад аз банду зиндони шоҳ.
Ба панҷум сухан мардуми айбҷӯй
Нагирад ба назди касон обрӯй.
Бигӯям яке тоза андарз низ,
Ки он бартар аз дидаву ҷону чиз.
Хунук он, ки обод дорад ҷаҳон,
Бувад ошкорои ӯ чун ниҳон.
Дигар он, ки дорад ҳам овози нарм,
Хирад дораду шарму гуфтори гарм.
Ҳазина шумар сим, к-аз баҳри лоф
Ба беҳуда бипроканад бар газоф.
На музду на дорад касе з-ӯ сипос,
На бипсандат он мард яздоншинос.
Миёна гузинӣ, бимонад ба ҷой,
Хирадманд хонад-т покизарой.
К-аз ин бугзарӣ, панҷ роҳ аст пеш,
Куҷо тоза гардад туро дину кеш.
Таносойиву шодӣ афзоядат,
Ки бо шаҳри ӯ заҳр нагзоядат.
Яке он, ки аз бахшиши додгар,
Ба озу фузунӣ наҷӯӣ гузар.
Тавонгар шавад, ҳар кӣ хурсанд гашт,
Гули навбаҳораш барӯманд гашт.
Агар бишканӣ гардани озро,
Нагӯӣ ба пеши занон розро.
Се дигар нанозӣ ба нангу набард,
Ки нангу набард оварад ранҷу дард.
Чаҳорум, ки дил дур дорӣ зи ғам,
Зи ноомада ғам набошӣ дижам.