693. СИТУДАНИ ХАРРОД АРДАШЕРРО
Чу бар тахт биншаст шоҳ Ардашер,
Бишуд пешгоҳаш яке марди пир.
Куҷо номи он пир Харрод буд,
Равону забонаш пур аз дод буд.
Чунин дод посух, ки «Эй шаҳрёр,
Анӯша бувӣ, то бувад рӯзгор.
Ҳамеша бизӣ шоду пирӯзбахт,
Ба ту шодмон кишвару тоҷу тахт!
Ба ҷое расидӣ, ки мурғу дада
Зананд аз бари бахт пешат рада.
Бузурги ҷаҳонӣ карон то карон,
Сарафроз бар тоҷвар меҳтарон.
Кӣ донад сифат кардан аз доди ту,
Ки доду бузургист бунёди ту.
Ҳама офаринро физоиш кунем,
Худои ҷаҳонро ниёиш кунем,
Ки мо зинда андар замони туем,
Ба ҳар кор некӯ гумони туем.
Харидор дидору чеҳри туро,
Ҳамон хуб гуфтору меҳри туро.
Ту эман бизӣ, к-аз ту мо эманем,
Мабодо, ки паймони ту бишканем.
Ту бастӣ раҳи бадсиголони мо,
Зи Ҳинду зи Чин ноҳамолони мо.
Пароканда шуд ғорату ҷангу ҷӯш,
Наёяд ҳаме бонги душман ба гӯш.
Бимонод ҷовид равшанравон,
Ҳамеша сару кор бо мӯбадон.
На кас чун ту дорад зи шоҳон хирад,
На андеша аз ройи ту бугзарад.
Буне дарфикандӣ ба Эрон зи дод,
Ки фарзанди мо бошад аз дод шод.
Ба ҷое расидӣ ҳам андар сухан,
Ки нав шуд зи роҳи ту марди куҳан.
Бад-ин анҷуман ҳар кӣ дорад нажод,
Ба ту шодмонанду аз дод шод.
Хирадҳо фузун шуд зи гуфтори ту,
Ҷаҳон гашт равшан зи дидори ту.