Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

694. СУХАН ДАР БЕВАФОИИ РӮЗГОР

Ало, эй харидори мағзи сухан, Дилат баргусил з-ин сарои куҳан, Ки ӯ чун ману чун ту бисёр дид, Нахоҳад ҳаме бо касе орамид. Агар шаҳрёрӣ в-агар пешкор, Ту андар гузориву ӯ пойдор. Чи бо ранҷ бошӣ, чи бо тоҷу тахт, Бибояд-т бастан ба фарҷом рахт. Агар з-оҳанӣ, чарх бигдозадат, Чу гаштӣ куҳан, низ нанвозадат, Чу сарви дилорой гардад ба хам, Хурӯшон шавад наргисони дижам, Ҳамон чеҳраи арғувон заъфарон, Сари мардуми шод гардад гарон, Нахуспад равон, чунки боло бичафт, Ту танҳо мамон, чунки ҳамроҳ рафт. Агар шаҳрёрӣ, агар зердаст, Ба ҷуз хоки тира наёбӣ нишаст. Куҷо он бузургони ботоҷу тахт? Куҷо он саворони пирӯзбахт? Куҷо он хирадманд кундоварон? Куҷо он сарафроз ҷангисарон? Ҳама хок доранд болину хишт, Хунук он, ки ҷуз номи неке наҳишт. Нишон бас бувад шаҳрёр Ардашер, Чу аз ман сухан бишнавӣ, ёд гир».