695. СУПУРДАНИ АРДАШЕР КОРИ ПОДШОҲИРО БА ШОПУР
Чу сол андаромад ба ҳафтоду ҳашт,
Ҷаҳондори бедор бемор гашт.
Бидонист, к-омад ба наздик марг,
Ҳаме зард хоҳад буд он сабзбарг.
Бифармуд, то рафт Шопур пеш,
Варо пандҳо дод аз андоза беш.
Бад-ӯ гуфт, к-«Ин аҳди ман ёд дор,
Ҳама гуфти бадгӯйро бод дор,
Суханҳои ман чун шунидӣ, биварз,
Магар боздонӣ зи ноарз арз.
Ҷаҳон рост кардам ба шамшери дод,
Нигаҳ доштам арҷи марди нажод.
Чу кори ҷаҳон мар маро гашт рост,
Фузун шуд замин, зиндагонӣ бикост.
В-аз он пас, ки бисёр бурдем ранҷ,
Биполуд хайю биафзуд ганҷ.
Шуморо ҳама ганҷ пеш асту ноз,
Ба ҳар ҷо нишеб аст пеши фароз.
Чунин аст кирдори гардонсипеҳр,
Гаҳе дард пеш орадат, гоҳ меҳр.
Гаҳе бахт гардад чу аспи шамус,
Ба нӯъм-андарун зуфтӣ орад-т бӯс.
Замоне яке борае тохта,
Зи некӣ сарашро барафрохта,
Бидон, эй писар, к-ин сарои фиреб
Надорад туро шодмон бениҳеб.
Нигаҳдори тан бошу они хирад,
Чу хоҳӣ, ки рӯзат ба бад нагзарад.
Чу бар дин кунад шаҳрёр офарин,
Бародар шавад подшоҳиву дин.
На бе тахти шоҳӣ бувад дин ба пой,
На бе дин бувад шаҳрёре ба ҷой,
Ду бунёд як бар дигар бофта,
Бароварда пеши хирад тофта.
На аз подшо бениёз аст дин,
На бе дин бувад шоҳро офарин.
Чун ин посбонони якдигаранд,
Ту гӯӣ, ки дар зери як чодаранд.