696. БАР ТАХТ НИШАСТАНИ ШОПУР
Чу Шопур биншаст бар тахти дод
Кулоҳи дилафрӯз бар сар ниҳод.
Шуданд анҷуман пеши ӯ бихрадон,
Бузургони фарзонаву мӯбадон.
Далер асту бобахшишу фарру дод,
Замона зи фармони ӯ гашт шод.
Худованди кӯполу шамшеру ранҷ,
Худованди осониву тоҷи ганҷ.
Ҷаҳондори бофарру некишинос,
Ки аз тоҷ дорад зи Яздон сипос.
Хирадманду зебову чирасухан,
Ҷавона ба солу ба дониш куҳан.
Ҳаме муштарӣ борад аз фарри ӯй,
Бинозем дар сояи парри ӯй,
Ба разм осмонро хурӯшон кунад,
Чу базм оядаш, гавҳар афшон кунад.
Чу хашм оварад, кӯҳ резон шавад,
Сипеҳр аз бари хок ларзон шавад.
Падар бар падар шаҳрёр асту шоҳ,
Бинозад бад-ӯ гунбади хуру моҳ.
Бимонод то ҷовидон номи ӯй
Ҳама меҳтарӣ бод фарҷоми ӯй!
Сари нома кардам санои варо,
Бузургиву оину ройи варо.
Зи гетӣ варо бод фарҷоми нек.
Аз ӯ дидам андар ҷаҳон номи нек,
Зи дидори ӯ тоҷ равшан шудаст,
Зи бадҳо варо бахт ҷавшан шудаст.
Бинозад бад-ӯ мардуми порсо,
Ҳамон кас, ки шуд бар замин подшо.
Ҳаво равшан аз моявар бахти ӯст,
Замин пояи номвар тахти ӯст.
Ба разм-ндарун жандапили балост,
Ба базм-ндарун осмони вафост.
Чу дар базм рахшон шавад ройи ӯй,
Ҳама мавҷ хезад зи дарёи ӯй.
Ба нахчир шоҳон шикори ваянд,
Даду дом дар зинҳори ваянд.