697. РАЗМИ ШОПУР БО РУМИЁН
В-аз он пас пароканда гашт огаҳӣ,
Ки бекор шуд тахти шоҳаншаҳӣ,
Бимурд Ардашери хирадмандшоҳ,
Ба Шопур биспурд тахту кулоҳ.
Хурӯше баромад зи ҳар марзу бум,
Зи Қайдофа баргашта шуд то ба Рум.
Чу огоҳӣ омад ба Шопуршоҳ,
Биёрост кӯсу дурафшу сипоҳ.
Ҳаме ронд то пеши Болуина.
Сипоҳи сабук беҳаюну буна.
Сипоҳе зи Қайдофа омад бурун,
Ки аз гард хуршед шуд тирагун,
Зи Болуина ҳамчунин лашкаре
Биёмад сипаҳдорашон меҳтаре.
Баронӯш буд номи он паҳлавон,
Саворе сарафрозу равшанравон,
Ки будӣ бари қайсарон арҷманд,
Камандафкану номдору баланд.
Чу бархост овози кӯс аз ду рӯй,
Зи қалб андаромад гави номҷӯй.
В-аз ин сӯ бишуд номдоре далер,
Куҷо номи ӯ буд Гаршоспи шер.
Баромад зи ҳар ду сипаҳ кӯсу ғав,
Биҷунбид дар қалб Шопури гав.
Зи бас нолаи бӯқу ҳиндидарой
Ҳаме чархи моҳ андар омад зи ҷой.
Табира бубастанд бар пушти пил,
Ҳаме баршуд овози аспон ду мил.
Замин ҷунб-ҷунбон шуду абр гард,
Чу оташ дурахшон синони набард.
Равоне куҷо бо хирад буд ҷуфт,
Ситора ҳаме борад аз абр гуфт.
Баронӯши ҷангӣ ба қалб-ндарун
Гирифтор шуд бо диле пур зи хун.
В-аз он румиён кушта шуд се ҳазор
Ба Болунаи дар сафи корзор.
Ҳазору ду сесад гирифтор шуд,
Дили румиён пур зи тимор шуд.