698. АНДАРЗ КАРДАНИ ШОПУР ПИСАРИ ХУД УРМУЗДРО
Ҳаме буд Шопур бододу рой,
Баландахтару тахти шоҳӣ ба ҷой.
Чу сӣ сол бугзашту бар сар ду моҳ,
Пароканда шуд фарру авранди шоҳ.
Бифармуд, то рафт пеш Урмузд,
Бад-ӯ гуфт: «Шуд зард рӯи фурузд.
Ту бедор бошу ҷаҳондор бош,
Абар дод ҳамвора солор бош.
Нигар, то ба шоҳӣ надорӣ умед,
Бихон рӯзу шаб дафтари Ҷамшед.
Ба ҷуз доду некӣ макун дар ҷаҳон,
Паноҳи кеҳон бошу фарри меҳон.
Ба динор кам нозу бахшанда бош,
Ҳамон доддеҳ бошу фархунда бош.
Мазан бар камозор бонги баланд,
Чу хоҳӣ, ки бахтат бувад ёрманд.
Ҳама панди ман сарбасар ёд гир,
Чунон ҳам ки ман дорам аз Ардашер.
Бигуфт ину ранги рухаш зард гашт,
Дили марди барно пур аз дард гашт.
Чӣ созӣ ҳаме з-ин сарои сипанҷ,
Чӣ нозӣ ба ному чӣ ёзӣ ба ганҷ!?
Туро тангтобут баҳр асту бас,
Хӯрад ранҷи ту носазовор кас.
Нагирад зи ту ёд фарзанди ту,
На хешони наздику пайванди ту.
Зи мерос дашном ёбӣ ту баҳр,
Ҳама заҳр шуд посухи пойзаҳр.
Ба Яздон гирову сухан з-ӯ физой,
Ки ӯяст некидеҳу раҳнамой.
Дуруд аз ту бар гӯри пайғамбараш,
Ки салвот тоҷ аст бар минбараш.