Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

699. ПОДШОҲИИ УРМУЗДИ ШОПУР

Як солу ду моҳ буд Сари гоҳу дайҳими шоҳ Урмузд Биёроям акнун чу моҳ Урмузд. Зи шоҳӣ бар ӯ ҳеҷ товон набуд, Бад-он буд, ки аҳдаш фаровон набуд. Чу биншаст шоҳ Урмузди бузург, Ба обишхур омад ҳаме мешу гург. Чунин гуфт, к-«Эй номвар бихрадон, Ҷаҳондидаву коркарда радон. Чу Яздони некидиҳиш некувӣ Ба мо доду тоҷи сари хусравӣ. Бикӯшем, то нек орему дод, Хунук он, ки панди падар кард ёд. Ба некӣ кунам вижа анбозатон, Нахоҳам, ки бе ман бувад розатон. Бидонед, к-он кас, ки саркаш бувад, Бари меҳтарон сахт нох(в)аш бувад. Ситеза бувад мардро пешрав, Бимонад ниёзаш ҳамасола нав. Ҳамон рашки шамшер нодон бувад, Ҳамеша бар ӯ бахт хандон бувад. В-агар ҳар кӣ дорад зи ҳар кор нанг, Бувад зиндагониву рӯзиш танг. Дари оз бошад дили сифламард, Бари сифлагон, то тавонӣ, магард. Ҳар он кас, ки дониш наёбӣ бараш, Макун раҳгузар то зиӣ бар дараш. Дилат дор зинда ба фарҳангу ҳуш, Ба бад дар ҷаҳон, то тавонӣ, макӯш. Хирад ҳамчу об асту дониш замин, Бидон, к-ин ҷудо в-он ҷудо нест з-ин. Дили шоҳ, к-аз меҳр дурӣ гирифт, Агар тира гардад, набошад шигифт. Ҳар он кас, ки бошад маро зердаст, Ҳама шодмон боду яздонпараст. Ба хушнудии кирдгори ҷаҳон Хирад ёр бод ошкору ниҳон. Хирадманд бо мардуми порсо