700. АНДАРЗ КАРДАНИ УРМУЗД ВА МУРДАН
Чу донист, к-аз марг натвон гурехт,
Басе оби хунин зи наргис бирехт.
Бигустурд фарш андар айвони хеш,
Бифармуд, то рафт Баҳром пеш.
Бад-ӯ, гуфт к-: «Эй покзода писар,
Ба мардиву дониш бароварда сар,
Ба ман нотавонӣ ниҳодаст рӯй,
Ки ранги рухам кард ҳамранги мӯй.
Хам овард болои сарви саҳӣ,
Гули сурх бигрифт ранги биҳӣ.
Чу рӯзи ту ояд, ҷаҳондор бош,
Хирадманд бошу беозор бош.
Нигар, то напечӣ сар аз додгоҳ,
Набахшӣ ситамгорагонро гуноҳ.
Забонро магардон ба гирди дурӯғ.
Чу хоҳӣ, ки тоҷ аз ту гирад фурӯғ.
Равонат хирад боду дастур шарм,
Сухан гуфтанат хубу овоз нарм.
Худованди пирӯз ёри ту бод,
Дили зердастон шикори ту бод!
Бинеҳ кинаву дур бош аз ҳаво,
Мабодо ҳаво бар ту фармонраво.
Суханчину бедонишу чорагар
Набояд, ки ёбанд пешат гузар.
Зи нодон наёбӣ ба ҷуз бадтарӣ,
Нигар, сӯи бедонишон нангарӣ.
Чунон дон, ки бешарму бисёргӯй
Надорад ба назди касон обрӯй.
Хирадро меҳу хашмро банда дор,
Машав тез бо марди парҳезгор.
Нигар, то нагардад ба гирди ту оз,
Ки оз оварад хашму биму ниёз.
Ҳама бурдборӣ куну ростӣ,
Ҷудо кун зи дил кажживу костӣ.
Бипарҳез, то бад нагардад-т ном,
Ки бадном гетӣ набинад ба ком.
Зи роҳи хирад ҳеҷ гуна матоб,
Пушаймонӣ орад дилатро шитоб.