Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

701. БАР ТАХТ НИШАСТАНИ БАҲРОМ ВА АНДАРЗ КАРДАН БА САРДОРОН ВА СИПАРӢ ШУДАНИ РӮЗГОРАШ

Кунун кори дайҳими Баҳром соз, Ки дар подшоҳӣ намонд ӯ дароз. Чу Баҳром биншаст бар тахти зар, Дилу мағз ҷӯшон зи дарди падар. Ҳама номдорони эрониён Бирафтанд гирён камар бар миён. Бар ӯ хонданд офарини Худой, Ки то ҷой бошад, ту монӣ ба ҷой. Ки тоҷи каӣ торакатро сазост, Падар бар падар тоҷи шоҳӣ турост. Рухи бадсиголони ту зард бод, В-аз он рафта ҷони ту бедард бод! Чунин дод посух, ки эй меҳтарон, Саворони ҷангиву кундоварон, Зи деҳқону аз марди хусравпараст, Ба гетӣ сӯи бад маёзед даст. Бубинед, к-ин чархи нопойдор На парварда донад, на парвардгор. Саросар бубандед дасти ҳаво, Ҳаворо мадоред фармонраво. Касе к-ӯ бипарҳезад аз бадкуниш, Наёлояд андар бадиҳо танаш. Ба гетӣ-дарун шоду хуррам бувад, Ба рафтан зи душман абеғам бувад. Паноҳе бувад ганҷро подшо, Навозандаи мардуми порсо. Тани шоҳ динро паноҳе бувад, Ки дин бар сари ӯ кулоҳе бувад. Хунук он ки дар хашм ҳушёртар. Ҳамон бар замин ӯ беозортар. Гаҳи тангдастӣ дилаш шоду род, Ҷаҳон бе тани марди доно мабод, Ки бар душмане-бар тавоно бувад, Ба пай наспарад вижа доно бувад. Ситеза на хуб ояд аз номҷӯй, Бипарҳезу гирди ситеза мапӯй. Сипоҳиву деҳқону бекор шоҳ, Чунон дон, ки ҳар се надоранд роҳ.