702. ТАХТ СУПУРДАНИ БАҲРОМИ УРМУЗД ПИСАРИ ХУДРО БАҲРОМИ БАҲРОМ ВА МУРДАН
Бар ӯ низ нагзашт рӯзи дароз,
Яке тоҷдор андаромад ба гоз.
Яке пур будаш, дилором буд,
Варо ном Баҳроми Баҳром буд.
Биёварду биншондаш зери тахт,
Бад-ӯ гуфт, к-«Эй сабзшохи дарахт!
Набудам фаровон ман аз тоҷ шод,
Ҳама рӯзгори ту фархунда бод!
Сароянда бошу физоянда бош,
Шабу рӯз бо ромишу ханда бош.
Чунон рав, ки пурсад-т рӯзи шумор,
Напечӣ сар аз шарми парвардгор.
Ба доду диҳиш гетӣ обод дор,
Дили зердастони худ шод дор,
Ки бар кас намонад ҷаҳон ҷовидон,
Чи бар шаҳрёрон, чи бар мӯбадон.
Чу Баҳром гетӣ ба Баҳром дод,
Писар мар варо дахма ором дод.
Ту аз чархи гардон мадон ин ситам,
Ҷуз аз бод чизе наёяд ба дам.
Чунин буд, то буд, чархи равон,
Ба андеша ранҷа чӣ дорӣ равон?
Чӣ пӯӣ, чӣ ҷӯӣ, чӣ шояд будан?
Бар ин достонҳо нашояд задан.
Равонат камозору фартут нест,
Нишасти ту ҷуз тангтобут нест.
Агар марг дорад чунин табъи гург,
Пур аз май яке ҷом хоҳам бузург.
Яке сарвқаддеву симинбадан,
Дилорому хушхӯву ширинсухан.
Суманбӯву зеборуху моҳрӯй,
Чу хуршед дидору чун мушк бӯй.