Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

703. БАР ТАХТ НИШАСТАНИ БАҲРОМИ БАҲРОМ ВА АНДАРЗ КАРДАН БА САРДОРОН ВА МУРДАНАШ

Чу Баҳром дар сӯги Баҳромшоҳ Чиҳил рӯз нанҳод бар сар кулоҳ, Бирафтанд гурдони бисёрҳуш Пур аз дарду бо нолаву бо хурӯш. Нишастанд бо ӯ бад-он сӯгу дард, Ду рух зарду лабҳо шуда ложвард. Аз он пас бишуд мӯбаде покрой, Ки гирад магар шоҳ бар тахт ҷой. Ба як ҳафта бо ӯ бикӯшид сахт, Ҳаме буд то барнишаст ӯ ба тахт. Чу биншаст бар тахт Баҳром шод, Ба расми каӣ тоҷ бар сар ниҳод. Нахуст офарин кард бар Кирдгор, Фурӯзандаи гардиши рӯзгор. Физояндаи донишу ростӣ, Газояндаи кажживу костӣ. Худованди кайвону гардонсипеҳр, Зи банда нахоҳад ҷуз аз доду меҳр. В-аз он пас чунин гуфт, к-«Эй бихрадон, Ҷаҳондидаву покдил мӯбадон! Шумо низ доред дониш бузург, Мабошед бо шаҳрёрон сутург. Касеро, ки Яздон фузунӣ диҳад, Сухандониву раҳнамунӣ диҳад. Ба фарҳанг ёзад касе к-аш хирад, Бувад дар сару мардумӣ парварад. Сари мардумӣ бурдборӣ бувад, Чу тезӣ кунӣ, тан ба хорӣ бувад. Ҳар он кас, ки гашт эмину шод гашт, Ғаму ранҷ бо эминӣ бод гашт. Тавонгартар он, к-ӯ диле род дошт, Дирам гирд кардан ба дил бод дошт. Агар нест чизат, ту лахте биварз, Ки бе чиз будан надорӣ ту арз. Мурувват наёбӣ, гарат чиз нест, Ҳамон чора назди касаш низ нест. Чу хушнуд гардӣ, таносон шавӣ, В-агар оз варзӣ, ҳаросон шавӣ.