704. БАР ТАХТ НИШАСТАНИ БАҲРОМИ БАҲРОМИЁН ВА МУРДАНАШ ПАС АЗ ЧАҲОР МОҲ
Чу биншаст Баҳроми Баҳромиён,
Бубаст аз пайи доду бахшиш миён.
Ба тоҷаш забарҷад барафшонданд,
Ҳаме ном кирмоншаҳаш хонданд.
Чунин гуфт, к-аз додгар як Худой
Хирад бодамон баҳраву доду рой!
Сарои сипанҷӣ намонад ба кас,
Туро некувӣ бод фарёдрас.
Ба некӣ гироему паймон кунем,
Ба доду диҳиш тан гаравгон кунем,
Ки хубиву зиштӣ зи мо ёдгор
Бимонад, ту ҷуз тухми некӣ макор.
Чу шуд подшоҳиш бар чор моҳ,
Бар ӯ зор бигрист тахту кулоҳ.
Чу Баҳром донист, к-омад-ш марг,
Наҳанге куҷо бишкарад пилу карг.
Ҷаҳонро ба фарзанд биспурду гуфт,
Ки бо меҳтарит офарин бод ҷуфт,
Бинӯшу бипӯшу бинозу бибахш,
Макун рӯз бо тоҷу бо тахт дахш.
Чу баргашт Баҳромро фарру бахт,
Ба Нарсӣ супурд он замон тоҷу тахт.
Замона бад-ин сон ҳаме бугзарад,
Нафас мардуми озвар нашмарад.
Майи лаъл пеш ор, эй рӯзбе!
Ки шуд соли гӯянда бар шасту се.