Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

705. БАР ТАХТ НИШАСТАНИ НАРСӢ ВА ПАНД ГУФТАН БА ПИСАР ВА СИПАРӢ ШУДАНИ РӮЗГОРАШ

Чу Нарсӣ нишаст аз бари тахти оҷ, Ба сар барниҳод он сарафроз тоҷ. Ҳама меҳтарон бо нисор омаданд, Зи дарди падар сӯгвор омаданд. Бар эшон сипаҳдор кард офарин, Ки: «Эй меҳрубонони бододу дин, Бидонед, к-аз Кирдгори ҷаҳон Чунин рафт кор ошкору ниҳон, Ки моро зи гетӣ хирад доду шарм, Ҷавонмардиву рою овози нарм. Гар аз ахтарам безиёнӣ бувад, Шуморо зи ман шодмонӣ бувад. Хирадманд мардум туро дӯст гашт, Чунон дон, ки бо ту зи як пӯст гашт. Ту кирдори хуб аз тавоно шинос, Хирад низ наздики доно шинос. Далерӣ зи ҳушёр будан бувад, Диловар ба ҷойи ситудан бувад. Ҳар он кас, ки бугрезад аз коркард, Аз ӯ дур шуд ному нанги набард. Ҳамон коҳилӣ мардум аз баддилист, Ҳамовоз бо баддилӣ коҳилист. Ҳаме зист нӯҳ сол бо рою панд, Ҷаҳонро сухан гуфтанаш судманд. Чу рӯзаш фароз омаду бахт шум, Шуд он тарги пӯлод бар сар чу мум. Давон шуд ба болини шаҳ Урмузд, Ба рахшонии лола андар фурузд, Ки фарзанди он номвар шоҳ буд, Фурӯзон чу дар тирашаб моҳ буд. Бад-ӯ гуфт, к-«Эй ноздида ҷавон, Мабар даст сӯи бадӣ, то тавон. Туӣ ҷони Нарсиву Баҳроми бахт, Сазовори тоҷиву зебои тахт. Бад-ин бурзи болову ин фарру ёл Ба ҳар дониш аз ҳар касе беҳамол. Мабодо, ки тоҷ аз ту гирён шавад, Дили анҷуман аз ту бирён шавад.