Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

706. БАР ТАХТ НИШАСТАНИ УРМУЗД ПИСАРИ НАРСӢ ВА СИПАРӢ ШУДАНИ РӮЗГОРАШ

Чу бар гоҳ рафт Урмузди бузург, Зи нахчир кӯтоҳ шуд чанги гург. Ҷаҳонро ҳаме дошт бо эманӣ, Ниҳон гашт кирдори аҳриманӣ. Нахуст офарин кард бар Кирдгор, Тавонову донову парвардгор. «Шабу рӯзу гардонсипеҳр офарид, Чу кайвону баҳрому меҳр офарид. В-аз ӯяст пирӯзиву фарраҳӣ, Дили доду дайҳими шоҳаншаҳӣ. Ҳамеша дили мо пур аз дод бод, Дили зердастони мо шод бод! Ситоиш наёбад сари сифламард, Бари сифлагон, то тавонӣ, магард. Мазан низ бо марди бадхоҳ рой, Агар пандгирӣ, ба некӣ гирой. Зи бахшиш ҳар он кас, ки ҷӯяд сипос, Нахонад-ш бахшанда яздоншинос. Ситоянда, к-ӯ бесипос аст низ, Сазад, гар надорад кас ӯро ба чиз. Ҳаросон бувад мардуми сахткор, Ки ӯро набошад касе дӯстдор. В-агар сустӣ орад ба кор-андарун, Нахонад варо ройзан раҳнамун. Гар аз коҳилон ёр хоҳӣ ба кор, Набошӣ ҷаҳонҷӯву мардумшумор. Нигар, хештанро надорӣ бузург, В-агар гоҳ ёбӣ, нагардӣ сутург. Чу бадхӯ шавад марди дарвешу хор, Ҳаме бинад он аз бади рӯзгор. Ҳамасола бекору нолон зи бахт, На рою на дониш, на зебои тахт. В-агар боз гиранд аз ӯ хоста, Шавад ҷону мағзу дилаш коста. Ба бечизиву бадхуӣ созад ӯ, Надорад хирад, гардан афрозад ӯ. На чизу на дониш, на рою ҳунар, На дину на хушнудии додгар.