707. ЗОДАНИ ШОПУРИ УРМУЗД ЧИҲИЛ РӮЗ ПАС АЗ МАРГИ ПАДАР ВА ТОҶВАР ШУДАНАШ
Ба чандин замон тахт бекор буд,
Сари меҳтарон пур зи тимор буд.
Нигаҳ кард мӯбад шабистони шоҳ,
Яке лоларух буд тобон чу моҳ.
Сари мижжа чун ханҷари кобулӣ,
Ду зулфаш чу печонхати бобулӣ.
Мусалсал як андар дигар бофта,
Гиреҳ барзада, сар-ш бартофта.
Паричеҳраро бачча буд дар ниҳон,
Аз он хубрух шодмон шуд ҷаҳон.
Ба сар-бар-ш тоҷе биёвехтанд,
Бар он тоҷ зарру дирам рехтанд.
Басе барнаёмад, к-аз он хубчеҳр
Яке кӯдак омад чу тобанда меҳр.
Сароянда деҳқони мӯбаднажод
Аз ин достонам чунин дод ёд,
Ки мӯбад варо ном Шопур кард,
Бад-он шодмонӣ яке сур кард.
Ту гуфтӣ, ҳама фарраи эзадист,
Бар ӯ сояи рояти бихрадист.
Чиҳил рӯз шуд, руду май хостанд,
Яке тахти шоҳӣ биёростанд.
Бирафтанд гурдони зарринкамар,
Биёвехтанд аз бараш тоҷи зар.
Чу он хурдро сер доданд шир,
Наваштандаш андар миёни ҳарир.
Чиҳилрӯзаро зери он тоҷи зар
Ниҳоданд бар тахти фаррухпадар.
Ба шоҳӣ бар ӯ офарин хонданд,
Ҳама меҳтарон гавҳар афшонданд.
Яке мӯбаде буд, Маҳрӯй ном,
Хирадманду шоиставу шодком.
Биёмад, ба курсии зар барнишаст,
Миён пеши ӯ бандагиро бубаст.
Ҷаҳонро ҳама дошт бо доду рой,
Сипаҳро ба ҳар некувӣ раҳнамой.
Биёганд ганҷу сипоҳи варо,
Биёрост айвону гоҳи варо.