Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

708. БУРДАНИ ТОИРИ АРАБ ДУХТАРИ НАРСИРО ВА РАФТАНИ ШОПУР БА РАЗМИ Ӯ

Чу якчанд бугзашт бар шоҳ рӯз, Фурӯзанда шуд тоҷи гетифирӯз. Зи ғассониён Тоири шердил, Ки додӣ фалакро ба шамшер дил, Сипоҳаш зи румиву аз порсӣ, Зи Баҳрайну аз Курду аз Қодисӣ Биёмад ба перомани Тайсафун, Сипоҳе зи андоза в-аз мар бурун. Ба тороҷ дод он ҳама буму бар, Киро буд бо ӯ паю пову пар? Чу огаҳ шуд аз аммаи шаҳрёр, Куҷо Нӯша буд номи он навбаҳор. Биёмад ба айвони он моҳрӯй, Ҳама Тайсафун гашт пургуфтугӯй. Аз айвон-ш бурданду карданд асир, Ки доно набуданду донишпазир. Чу як сол наздики Тоир бимонд, Аз андешагон дил ба хун дарфишонд. Зи Тоир яке духташ омад чу моҳ, Ки гуфтӣ, ки Нарсист бо тоҷу гоҳ. Падар Молика ном кардаш, чу дид, Ки духташ ҳаме мамлакатро сазид. Чу Шопурро сол шуд бисту шаш, Ҷавонхусраве гашт хуршедфаш. Ба дашт омаду лашкарашро бидид, Даҳу ду ҳазор аз ялон баргузид. Або ҳар яке бодпои ҳаюн, Ба пеш-андарун мард сад раҳнамун. Ҳаюн барнишастанду аспон ба даст Бибурданд гурдони хусравпараст. Бирафт аз паси шоҳи ғассониён, Сарафроз Тоир ҳизабри жиён. Фаровон кас аз лашкари ӯ бикушт, Чу Тоир чунон дид, бинмуд пушт, Баромад хурӯшидани дору гир, В-аз эшон гирифтанд чанде асир. Ҳисорӣ шуданд он сипаҳ дар Яман, Хурӯш омад аз кӯдаку марду зан.