Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

709. ОШИҚ ШУДАНИ МОЛИКА ДУХТАРИ ТОИР БАР ШОПУР

Ба шабгир Шопури ял барнишаст, Ҳаме рафт ҷӯшон камоне ба даст. Сияҳҷавшани хусравӣ дар бараш, Дурахшон дирафши сияҳ бар сараш, Зи девори диж Молика бингарид, Дирафши сари номдорон бидид, Чу гулбарг рухсору чун мушк мӯй, Ба ранги табархун лаби мушкбӯй. Бишуд хобу ором аз он хубчеҳр, Бари доя буд бо дили пур зи меҳр. Бад-ӯ гуфт, к-ин шоҳи хуршедфаш, Ки эдар биёмад чунин кинакаш, Бузург асту хуни ниҳони ман аст, Ҷаҳон хонамаш к-ӯ ҷаҳони ман аст. Паёме зи ман назди Шопур бар, Ба разм омадаст ӯ, зи ман сур бар. Бигӯяш, ки бо ту зи як гавҳарам, Ҳам аз тухми Нарсии кундоварам. Ҳамон низ бо кин зи ҳам гӯшаам, Ки хеши туам, духтари Нӯшаам. Маро гар бихоҳӣ, ҳисор они туст, Чу айвон биёбӣ, нигор они туст. Бад-ин кор бо доя паймон кунӣ, Забон дар бузургӣ гаравгон кунӣ. Бад-ӯ доя гуфт: «Он чи фармон диҳӣ, Бигӯям, биёрам аз ӯ огаҳӣ». Чу шаб бар замин подшоҳӣ гирифт. Зи дарё ба дарё сиёҳӣ гирифт, Замин қиргун, кӯҳ чун пил шуд, Ситора ба кирдори қандил шуд. Ту гуфтӣ, ки шамъ аст сесад ҳазор, Биёвехта з-осмони ҳисор. Бишуд доя ларзон, пур аз тарсу бим, Зи Тоир ҳаме шуд дилаш бар ду ним. Чу омад ба наздики пардасарой, Хиромид наздикии раҳнамой. Бад-ӯ гуфт: «Агар назди шоҳам барӣ, Биёбӣ зи ман тоҷу ангуштарӣ».