Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

710. БАР ДАСТИ ШОПУР ДОДАНИ МОЛИКА ДИЖИ ТОИР ВА КУШТА ШУДАНИ ТОИР

Зи ховар чу хуршед бинмуд тоҷ, Гули зард шуд бар замин ранги соҷ. Зи ганҷуру дастур бистад калид, Хӯришхонаву хуммҳои набид. Ба диж-бар ҳар он кас, ки буд меҳтаре, Гави ҷангиву ҷангдида саре, Хӯришҳо фиристоду чанде набид, Ҳам аз бӯйҳо наргису шанбалид. Парастандаи бодаро пеш хонд, Ба чарбӣ фаровон суханҳо биронд. Бад-ӯ гуфт, к-имшаб туӣ бодадеҳ, Ба Тоир ҳаме бодаи сода деҳ. Мамон, то бидоранд бода ба даст, Бад-он то бихуспанду гарданд маст. Бад-ӯ гуфт соқӣ, ки ман бандаам, Ба фармони ту дар ҷаҳон зиндаам. Чу хуршед бар Бохтар гашт зард, Шаби тира гуфташ, ки аз роҳ гард. Майи хусравӣ хост Тоир ба ҷом, Нахустин зи ғассониён бурд ном. Чу бугзашт як пос аз он тирашаб, Биёсуд Тоир зи бонги шағаб.­ Бирафтанд яксар сӯи хобгоҳ, Парастандагонро бифармуд моҳ, Ки то кас нагӯяд сухан ҷуз ба роз, Ниҳонӣ дари диж кушоданд боз, Бад-он шоҳ Шопур худ чашм дошт, В-аз овози мастон ба дил хашм дошт. Чу шамъ аз дари диж бияфрӯхт, гуфт, Ки гаштем бо бахти бедор ҷуфт. Мар он моҳрӯро ба пардасарой Бифармуд, то хуб карданд ҷой. Сипаҳро саросар ҳама гирд кард, Гузин кард гурдони нангу набард. Пиёда биёварду чанде савор, Ҳар он кас, ки буд аз дари корзор. Ба диж-дар шуду куштан андаргирифт, Ҳама кинаҳои куҳан баргирифт.