711. РАФТАНИ ШОПУР БА РУМ ВА ҚАЙСАРИ РУМ БА ПӮСТИ ХАР ДӮХТАН ӮРО
Чунон буд, ки як рӯз бо тоҷу ганҷ
Ҳаме дошт аз буданӣ дил ба ранҷ,
Зи тирашаб андаргузашта се пос,
Бифармуд, то шуд ситорашинос,
Бипурсидаш аз тахти шоҳаншаҳӣ,
Ҳам аз ранҷу аз рӯзгори беҳӣ.
Мунаҷҷим биёвард суллобро,
Бияндохт оромишу хобро.
Бад-он то расад подшоро бадӣ,
В-ар афзоядаш фарраи эзадӣ.
Чу диданд, гуфтандаш: «Эй подшо,
Ҷаҳонгиру равшандилу порсо,
Яке кор пеш аст бо ранҷу дард,
Наёрад кас он бар ту-бар ёд кард».
Чунин дод Шопур посух бад-ӯй,
Ки эй марди донандаи роҳҷӯй.
Чӣ чора-ст то ин зи ман бугзарад,
Танам ахтари бад ба пай наспарад?
Ситорашумар гуфт, к- «Эй шаҳрёр,
Аз ин гардиши чархи нопойдор
Ба мардиву дониш кӣ ёбад гузар,
Хирадманд ё марди пархошхар?
Бибошад ҳаме буданӣ бегумон,
Натобем бо гардиши осмон.
Чунин дод посух гаронмоя шоҳ,
Ки додор бошад зи ҳар бад паноҳ,
Ки гардон баланд осмон офарид,
Тавоноиву нотавон офарид.
Бигустурд дар подшоҳии дод,
Ҳаме буд якчанд беранҷу шод.
Чу обод шуд з-ӯ ҳама марзу бум,
Чунон орзу кард, к-ояд ба Рум,
Бубинад, ки Қайсар сарафроз ҳаст
Або лашкару ганҷу нерӯи даст.
Ҳамон роз букшод бар кадхудой
Яке паҳлавон гурди бододу рой.
Ҳамин розу андеша бо ӯ бигуфт,
Ҳаме дошт аз ҳар кас андар нуҳуфт.