712. РАҲОНИДАНИ КАНИЗАК ШОПУРРО АЗ ЧАРМИ ХАР
Чунин то баромад бад-ин чанд гоҳ,
Аз Эрон пароканда гашт он сипоҳ.
Ба рум он, ки Шопурро доштӣ,
Шабу рӯз танҳош нагзоштӣ.
Канизак набудӣ зи Шопур шод,
Аз он, к-аш зи эрониён буд нажод.
Шабу рӯз аз он чарм гирён будӣ,
Дили ӯ зи Шопур бирён будӣ.
Бад-ӯ гуфт рӯзе, ки «Эй хубрӯй,
Чӣ мардӣ, матарс эчу бо ман бигӯй,
Ки дар чарми хар нозук андоми ту,
Ҳаме бугсилад хобу ороми ту.
Чу сарве будӣ бар сараш гирдмоҳ,
Ҳамон моҳ дар зери мушки сиёҳ.
Кунун чанбарӣ гашт болои сарв,
Тани пилворат ба кирдори ғарв.
Дили ман ҳаме бар ту бирён шавад,
Ду чашмам шабу рӯз гирён шавад.
Бад-ин сахтӣ-андар чӣ ҷӯӣ ҳаме?
Ки рози ту бо ман нагӯӣ ҳаме?
Бад-ӯ гуфт Шопур, к- «Эй хубчеҳр,
Гарат ҳеҷ бар ман биҷунбид меҳр,
Ба савганд паймон-т хоҳам яке,
К-аз он нагзарӣ ҷовидон андаке.
Нагӯӣ ба бадхоҳ рози маро,
Кунӣ ёд дарду гудози маро,
Бигӯям туро, он чи дархостӣ,
Ба гуфтор пайдо кунам ростӣ.
Канизак ба додор савганд х(в)ард,
Ба зуннори Шаммоси ҳафтод гурд,
Ба ҷони Масиҳову сӯги салиб,
Ба Дорои Эрону меҳру ниҳеб,
Ки рози ту бо кас нагӯям зи бун,
Наҷӯям ҳаме бартарӣ з-ин сухун.
Ҳама роз Шопур бо ӯ бигуфт,
Намонд ин сухан неку бад дар нуҳуфт.
Бад-ӯ гуфт: «Акнун чӣ фармон кунӣ,
Бад-ин рози ман дил гаравгон кунӣ?