713. ГУРЕХТАНИ ШОПУР ЗИ РУМ ВА РАСИДАН БА ШАҲРИ ЭРОН
Сӯи шаҳри Эрон ниҳоданд рӯй,
Ду хуррамниҳон шоду оромҷӯй.
Шабу рӯз яксон ҳаме тохтанд,
Ба хобу ба хӯрдан напардохтанд.
Аз ин гуна аз шаҳр бар хорсон
Ҳаме ронд то кишвари Хузиён.
Чу аспу тан аз тохтан гашт суст,
Фуруд омаданро ҳаме ҷой ҷуст.
Деҳе хуррам омад зи пешаш ба роҳ,
Пур аз боғу айвону аз ҷашнгоҳ.
Тан аз роҳ ранҷа, гурезон зи бад,
Биёмад, дари боғбоне бизад.
Биёмад давон марди полезбон,
Ки ҳам некдил буд, ҳам мизбон.
Ду тан дид бо найзаву диръу хӯд,
Бипурсид, гуфто: «Кӣ ҳаст ин дуруд?
Бад-ин бегаҳӣ аз куҷо хостӣ?
Чунин тохтанро биёростӣ?»
Бад-ӯ гуфт Шопур, к-«Эй некхоҳ,
Сухан чанд пурсӣ зи гумкардароҳ?
Яке марди эрониям, чораҷӯй,
Гурезон ниҳода бар ин марз рӯй.
Пур аз дардам аз Қайсару лашкараш,
Мабодо, ки бинам сару афсараш.
Гар имшаб маро мизбонӣ кунӣ,
Ҳашивориву марзбонӣ кунӣ,
Бар онам, ки рӯзе ба кор оядат,
Дарахте ки корӣ, ба бор оядат.
Бад-ӯ боғбон гуфт, к-ин хони туст,
Тани боғбон низ меҳмони туст.
Бад-он чиз, к-ояд маро дастрас,
Бикӯшам, биёрам, нагӯям ба кас.
Фуруд омад аз асп Шопуршоҳ,
Канизак ҳаме рафт бо ӯ ба роҳ,
Хӯриш сохт чанде зани боғбон,
Зи ҳар гуна чандон, ки будаш тавон.
Чу нон хӯрда шуд, кори май сохтанд,
Сабукмоя ҷое бипардохтанд.