714. Зи бас ғорату куштани марду зан
Пароканда гашт он бузург анҷуман.
В-аз эшон басе низ тарсо шуданд,
Ба зуннор пеши сакубо шуданд.
Басо ҷосалиқе ба сар-бар кулоҳ,
Бурун аз бару буму оромгоҳ.
Бад-ӯ гуфт: «Шопуршоҳ Урмузд,
Ки рахшон будӣ ӯ чу моҳ Урмузд,
Куҷо шуд, ки Қайсар чунин хира шуд?
Зи бахт оби эрониён тира шуд?»
Бад-ӯ боғбон гуфт, к-«Эй сарфароз,
Туро ҷовидон меҳтарӣ боду ноз.
Аз ӯ мурдаву зинда ҷое нишон
Наёмад ба Эрон бад-ин саркашон.
Ҳар он кас, ки буд андар ободбум,
Асиранд сартосар акнун ба Рум».
Бад-ин зор бигрист полезбон,
Ки буд он замон шоҳро мизбон.
Бад-ӯ мизбон гуфт, к-«эдар се рӯз
Бибошӣ, шавад хона гетифурӯз,
Ки доно зад ин достон аз нахуст,
Ки ҳар кас, ки озарми меҳмон наҷуст,
Набошад хирад ҳеҷ наздики ӯй,
Ниёз оварад бахти торики ӯй.
Бибошу биёсову май хӯр ба ҷом,
Чу гардад дилат ром, баргӯй ном.
Бад-ӯ гуфт Шопур: «Коре равост,
Ба мо, бар кунун мизбон подшост.