715. ШИНОХТАНИ ЭРОНИЁН ШОПУРРО ВА ГИРД КАРДАНИ Ӯ СИПОҲ
Бибуд он шабу хӯрду гуфтушунид,
Сапеда чу аз кӯҳ сар бардамид,
Чу зарриндирафше даромад зи роғ,
Бари меҳмон шуд худованди боғ.
Бад-ӯ гуфт: «Рӯзи ту фархунда бод!
Сарат бартар аз абри боранда бод!
Сазои туам ҷойгоҳе набуд,
Ба ором шоиста гоҳе набуд».
Бад-ӯ гуфт Шопур, к-«Эй некбахт,
Ман ин хона бугзидам аз тоҷу тахт.
Яке Жанду Уст ор, бо барсамат,
Бигӯ посух аз ҳар чӣ вопурсамат».
Биёвард, ҳар ч-аш бифармуд шоҳ,
Биёроста барсаму божгоҳ.
Ба замзам бад-ӯ гуфт: «Баргӯй рост,
Ки то мӯбадонмӯбад акнун куҷост?»
Чунин дод посух варо боғбон,
Ки «Эй номвар марди ширинзабон!
Ду чашмам зи ҷое, ки дорам нишаст,
Бар он хонаи мӯбадонмӯбад аст».
Ниҳонӣ ба полезбон гуфт шоҳ,
Ки аз меҳтарӣ деҳ гили мӯҳ хоҳ.
Чу бишнид аз ӯ ин сухан боғбон,
Гили мӯҳ оварду омад дамон.
Ҷаҳондор бинҳод бар гил нигин.
Бад-он боғбон доду кард офарин.
Бад-ӯ гуфт, к-ин гил ба мӯбад супор,
Нигар, то чӣ гӯяд, ҳама гӯш дор.
Сапедадамон мард бо мӯҳри шоҳ,
Бари мӯбадонмӯбад омад пагоҳ.
Чу наздики даргоҳи мӯбад расид,
Пароканда гурдону дар баста дид,
Ба овоз аз он боргаҳ бор хост,
Чу букшод дар, боғбон рафт рост,
Чу омад ба наздики мӯбад фароз,
Бад-ӯ мӯҳр бинмуду бурдаш намоз.
Чу мӯбад нигаҳ карду он мӯҳр дид,
Зи шодӣ дили ройзан бардамид.