Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

716. ОГОҲӢ ЁФТАНИ МӮБАД ВА ПАҲЛАВОН АЗ ОМАДАНИ ШОПУР ВА РАФТАНИ ЭШОН БО СИПОҲ НАЗДИ Ӯ

Чу полезбон гуфту мӯбад шунид, Ба равшанравон марди доно бидид, Ки ин шердилмард ҷуз шоҳ нест, Ҳамон чеҳра ҷуз дархури гоҳ нест. Фиристодае ҷуст равшанравон, Фиристод мӯбад бари паҳлавон, Ки пайдо шуд он фарри Шопуршоҳ, Ту аз ҳар сӯе анҷуман кун сипоҳ, Фиристодаи мӯбад омад давон, Зи ҷое, ки буд то дари паҳлавон. Сипаҳбад зи гуфтори ӯ гашт шод, Ки дил пур зи кин дошту лаб пур зи бод. Ба додор гуфт: «Эй ҷаҳондори рост! Парастиш ба ҷуз мар туро носазост. Кӣ донист ҳаргиз, ки Шопуршоҳ Бубинад сипаҳрову ӯро сипоҳ. Сипос аз ту, эй додгар, як Худой, Ҷаҳондору бар некуӣ раҳнамой. Чу шаб баркашид он дирафши сиёҳ, Ситора падид омаду гирдмоҳ. Фароз омад аз ҳар сӯе лашкаре, Ба ҷое, ки буд дар ниҳон меҳтаре. Зи ҳар сӯ гавон сар барафрохтанд, Ягону дугона ҳаме тохтанд. Ба даргоҳи полезбон омаданд, Ба шодӣ бари мизбон омаданд. Бифармуд, то баркушоданд роҳ, Агарчи фурӯмоя буд боргоҳ. Чу рафтанд наздики он номҷӯй, Якояк ниҳоданд бар хок рӯй. Меҳонро ҳама шоҳ дар бар гирифт, Зи бадҳо хурӯшидан андаргирифт. Бигуфт, он чӣ аз чарми хар дида буд, Суханҳо зи Қайсар, ки бишнида буд. Ҳам озодии бардаи хубчеҳр, Бигуфт, он чи ӯ кард пайдо зи меҳр, К-аз ӯ ёфтам ҷону аз Кирдгор, Ки фархунда бодо бар ӯ рӯзгор.