Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

717. ШАБЕХУН ЗАДАНИ ШОПУР ВА ГИРИФТАНИ ҚАЙСАРИ РУМ

Басе барнаёмад бад-ин рӯзгор, Ки шуд лашкаре пеши ӯ шаш ҳазор. Фиристод Шопур корогаҳон, Сӯи Тайсафун кордида меҳон. Бад-он то зи Қайсар диҳанд огаҳӣ Бад-ин бурздаргоҳ бо фарраҳӣ. Бирафтанд корогаҳон ногаҳон, Нуҳуфта биҷустанд кори ҷаҳон. Чу диданд ҳар гуна, боз омаданд, Бари шоҳи гарданфароз омаданд, Ки Қайсар зи май хӯрдану аз шикор, Ҳаме ҳеҷ нандешад аз корзор. Сипоҳаш пароканда бар ҳар сӯе, Ба тороҷ кардан ба ҳар паҳлӯе. На рӯзаш талоя, на шаб посбон, Сипоҳ аст ҳамчун рама бешубон. Набинад ҳаме душман аз ҳеҷ сӯй, Писанд омадаш зистан б-орзуй. Чу бишнид Шопур, аз он шод гашт. Ҳама ранҷҳо пеши ӯ бод гашт. Гузин кард аз эрониён се ҳазор, Зиреҳдору баргустувонвар савор, Ба шабтира ҷавшан ба бар даркашид, Сипаҳро сӯи Тайсафун баркашид. Ба тирашабон тез биштофтӣ, Чу равшан шудӣ, рӯй бартофтӣ. Ҳаме рондӣ бар биёбону кӯҳ Бад-он роҳи фарсанг пеши сипоҳ, Фузун аз ду фарсанг пеши сипоҳ Ҳаме дидбон буд бероҳу роҳ. Чунин то ба наздикии Тайсафун, Талоя ҳаме ронд пеш-андарун. Ба лашкаргаҳ омад гузашта се пос, Зи Қайсар набудаш ба дил-дар ҳарос. Аз он марз бишнид овози кас, Ғави посбонону бонги ҷарас. Пур аз хайма он дашту хиргоҳ буд, Аз он тохтан худ кӣ огоҳ буд?