Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

718. ЛАШКАР КАШИДАНИ ШОПУР БА РУМ ВА РАЗМИ Ӯ БО БАРОДАРИ ҚАЙСАР

Аразгоҳу девон биёростанд, Калиди дари ганҷҳо хостанд. Сипоҳ анҷуман карду рӯзӣ бидод, Сараш пур зи кину дилаш пур зи бод. Аз Эрон ҳаме ронд то марзи Рум, Ҳар он кас, ки буд андар он марзу бум, Бикуштанду хона ҳаме сӯхтанд, Ҷаҳоне зи оташ барафрӯхтанд. Чу огоҳӣ омад зи Эрон ба Рум, Ки вайрон шуд он марзу ободбум,