719. Гирифтор шуд Қайсари номдор
Шаби тира андар сафи корзор.
Саросар ҳама Рум гирён шуданд,
В-аз овози Шопур бирён шуданд.
Ҳаме гуфт ҳар кас, ки ин бад кӣ кард?
Магар Қайсар он ноҷавонмард мард?
Зи Қайсар яке кеҳ бародар-ш буд,
Падар мурдаву зинда модар-ш буд,
Ҷавоне куҷо Ёнусаш буд ном,
Ҷаҳонҷӯву бахшандаву шодком.
Шуданд анҷуман лашкарӣ бар дараш
Дирам дод пархошхар модараш.
Бад-ӯ гуфт: «Кини бародар бихоҳ,
Набинӣ, ки омад зи Эрон сипоҳ».
Чу бишнид Ёнус, биҷӯшиду гуфт,
Ки кини бародар нашояд нуҳуфт!
Бизад кӯсу овард берун салиб,
Салиби бузургу саворе маҳиб.
Сипаҳро чу рӯй андаромад ба рӯй,
Беором шуд мардуми кинаҷӯй.
Рада баркашиданду бархост ғав,
Биёмад дамон Ёнуси пешрав.
Сипаҳро ба як рӯй бар кӯҳ буд,
Дигар об з-он сон, ки анбӯҳ буд.
Баромад яке абру гарди сиёҳ,
К-аз он тирагӣ дида гум кард роҳ.
Бар ин гуна то гашт хуршед зард,
Зи ҳар сӯ ҳаме гашт боди набард.
Бикуштанд чандон, ки рӯи замин
Шуд аз ҷавшани куштагон оҳанин.
Чу аз қалб Шопур лашкар биронд,
Чапу росташ вижагонро бихонд.
Чу бо меҳтарон гарм кард асп шоҳ,
Замин гашт ҷунбону печон сипоҳ.
Сӯи лашкари румиён ҳамла бурд.
Бузургаш яке буд бо марди хурд.
Бидонист Ёнус, ки поёби ӯй
Надорад, гурезон бупечанд рӯй.
Пас-андар ҳаме тохт Шопур гурд,