Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

720. РАФТАНИ БАРОНӮШ ПЕШИ ШОПУР ВА ПАЙМОН БАСТАН БО Ӯ

Баронӯш чун посухи нома дид, Зи шодӣ дили поки ӯ бардамид. Бифармуд, то номдорони Рум, Бирафтанд сад мард аз он тозабум. Дирам бор карданд харвор шаст, Ҳам аз гавҳару ҷомаҳои нишаст. Зи динор ганҷе зи баҳри нисор Фароз омад аз ҳар сӯе сад ҳазор. Ҳама меҳтарон назди шоҳ омаданд, Бараҳнасару бекулоҳ омаданд. Чу динор пешаш фурӯ рехтанд, Бигустурда зар, гавҳарон бехтанд. Бибахшуд Шопуру бинвохтшон, Ба хубӣ бар андоза биншохтшон. Баронӯшро гуфт, к-аз шаҳри Рум Биёмад яке марди бедору шум. Ба Эронзамин он ки буд шорсон, Ҳама кард акнун пур аз хорсон. Иваз хоҳам онро, ки вайрон шудаст, Куноми палангону шерон шудаст. Баронӯш гуфто: «Чӣ хоҳӣ, бигӯй, Чу зинҳор додӣ, мабартоб рӯй». Чунин дод посух гаронмоя шоҳ, Ки хоҳӣ, ки яксар бубахшам гуноҳ, Зи динори румӣ ба соле се бор, Ҳаме бож бояд ду раҳ сад ҳазор. Дигар он ки бошад Насибин маро, Чу хоҳӣ, ки кӯтаҳ шавад кин маро. Баронӯш гуфто, ки Эрон турост, Насибину дашти далерон турост. Пазируфтам аз баҳрат ин божу сов, Ки бо хашму кинат надорем тов. Набиштанд аҳде зи Шопуршоҳ, К-аз он пас наронад зи Эрон сипоҳ. Магар бо сазовориву хуррамӣ, Куҷо Румро з-он наёбад камӣ. В-аз он пас гусӣ карду бинвохтшон, Сарони гиромӣ барафрохтшон.