Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

721. ОМАДАНИ МОНӢ ВА ДАЪВоИ ПАЙҒАМБАРӢ КАРДАН

Биёмад яке марди гӯё зи Чин, Ки чун ӯ мусаввир набинад замин, Бад-он чарбдастӣ расида ба ком, Яке пурманиш мард Монӣ ба ном, «Ба суратгарӣ,- гуфт, - пайғамбарам, Зи диноварони ҷаҳон бартарам». Зи Чин назди Шопур шуд, бор хост, Ба пайғамбарӣ шоҳро ёр хост. Сухан гуфт марди кушодазабон, Ҷаҳондор шуд з-он сухан бадгумон. Сараш тез шуд, мӯбадонро бихонд, Замоне фаровон суханҳо биронд, К-аз ин марди чинии чиразабон Фитодастам аз дини худ дар гумон, Бигӯеду ҳам з-ӯ сухан бишнавед, Магар худ ба гуфтори ӯ бигравед. Бигуфтанд, к-ин марди суратпараст На бар мояи мӯбадонмӯбад аст. Замоне сухан бишнав, ӯро бихон, Чу бинад варо, кай кушояд забон. Бифармуд, то мӯбад омад-ш пеш, Сухан гуфт бо ӯ аз андоза беш. Фурӯ монд Монӣ миёни сухан Зи гуфтори мӯбад, зи дини куҳан. Бад-ӯ гуфт, к- «Эй марди суратпараст, Ба Яздон чаро охтӣ хира даст? Касе к-ӯ баланд осмон офарид, Бад-ӯ-дар макону замон офарид, Куҷо нуру зулмат бад-ӯ андар аст? Зи ҳар гавҳаре гавҳараш бартар аст. Шабу рӯз гардон сипеҳри баланд, К-аз ӯят паноҳ асту ҳам з-ӯ газанд. Ба бурҳони сурат чаро бигравӣ? Ҳаме панду дини маро нашнавӣ?! Ки гӯянда гӯяд, ки Яздон якест, Ҷуз аз бандагӣ карданат чора нест. Гар ин сурати карда ҷунбон кунӣ, Сазад, гар зи ҷунбанда бурҳон кунӣ.