722. ВАЛИАҲД КАРДАНИ ШОПУР АРДАШЕР БАРОДАРИ ХУДРО
Зи Шопур аз он гуна шуд рӯзгор,
Ки дар боғ бо гул надиданд хор.
Зи доду зи рою зи фарҳанги ӯй,
Зи бас кӯшишу бахшишу ҷанги ӯй
Мар ӯро ба ҳар бум душман намонд,
Бадиро ба гетӣ нишеман намонд.
Чу навмед гашт ӯ зи чархи баланд,
Ки шуд солиёнаш ба ҳафтоду анд.
Бифармуд, то пеши ӯ шуд дабир
Або мӯбадонмӯбаду Ардашер.
Ҷавоне ки кеҳтар бародар-ш буд,
Ба доду хирад бар сар афсар-ш буд.
Писар буд яке хурд Шопур ном,
Ҳамон норасида зи ахтар ба ком.
Чунин гуфт пас шоҳ бо Ардашер,
Ба пеши бузургону пеши дабир,
Ки «Гар бо ман аз дод паймон кунӣ,
Забонро зи паймон гаравгон кунӣ,
Ки фарзанди ман чун ба мардӣ расад,
Ки боди бузургӣ бар ӯ барвазад,
Супорӣ бад-ӯ ганҷу тахту сипоҳ,
Ту дастур бошӣ варо некхоҳ,
Ман ин тоҷи шоҳӣ супорам ба ту,
Ҳамон ганҷу лашкар гузорам ба ту».
Бипазруфт аз ӯ ин сухан Ардашер,
Ба пеши бузургони барнову пир,
Ки чун кӯдаки ӯ ба мардӣ расад,
Ки дайҳиму тахти кайиро сазад,
Супорад ҳама подшоҳӣ варо,
Нахоҳад ҷуз аз некхоҳӣ варо.
Чу бишнид Шопур, пеши меҳон
Бад-ӯ дод дайҳиму мӯҳри ҷаҳон.
Чунин гуфт пас шоҳ бо Ардашер,
Ки «кори ҷаҳон бар дил осон магир,
Бидон, эй бародар, ки бедоди шоҳ
Пайи подшоҳӣ надорад нигоҳ.
Ба огандани ганҷ ёзон бувад,
Ба зуфтӣ сари сарфарозон бувад.