Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

723. БАР ТАХТ НИШАСТАНИ АРДАШЕР ВА АНДАРЗ КАРДАН БАР САРДОРОНИ ЭРОН

Чу биншаст бар тахт шоҳ Ардашер, Биёрост он гоҳи Шопури пир. Камарбаста эрониёнро бихонд, Бар он пояи тахти заррин нишонд. Чунин гуфт, к-аз даври чархи баланд, Нахоҳам, ки бошад касеро газанд. Ҷаҳон гар шавад ром бар коми ман, Набинед чизе ҷуз ороми ман. В-ар эдун, ки бо мо насозад ҷаҳон, Бисозем мо бо ҷаҳони ҷаҳон. Бародар, ҷаҳон вижа моро супурд, Азеро, ки фарзанди ӯ буд хурд. Фиристем ҷони варо офарин, Ки аз бадсиголон бишуст он замин. Чу Шопури Шопур гардад баланд, Шавад назди ӯ тоҷу тахт арҷманд, Супорам бад-ӯ тоҷу ганҷу сипоҳ, Ки паймон чунин кард Шопуршоҳ. Ман ин тахтро пойкори ваям, Ҳамон аз падар ёдгори ваям. Чунон дон, ки хӯрдему бар мо гузашт, Чу мурдӣ, ҳама ранҷи тан бод гашт. Чу даҳсола гетӣ ҳаме дошт рост, Бихӯрду бубахшид, чандон ки хост. Наҷуст аз касе божу сову хироҷ, Ҳаме ройгон дошт он гоҳу тоҷ. Мар ӯро накӯкор з-он хонданд, Ки ҳар кас таносон аз ӯ монданд. Чу Шопур гашт аз дари тоҷу гоҳ, Мар ӯро супурд он ҳуҷаста кулоҳ. Нагашт он диловар зи паймони хеш, Ба мардӣ нигаҳ дошт сомони хеш.