724. ДОСТОНИ БАҲРОМ ВА КАНИЗАКИ ЧАНГЗАН ДАР ШИКОР
Ба ҷуз гӯю майдон набудиш кор,
Гаҳе захми чавгону гоҳе шикор.
Чунон буд, ки як рӯз бе анҷуман
Ба нахчиргаҳ рафт бо чангзан.
Куҷо номи он румӣ Озода буд,
Ки ранги рухонаш чу беҷода буд.
Дилороми ӯ буд, ҳам коми ӯ,
Ҳамеша ба лаб доштӣ номи ӯ.
Ба рӯзи шикораш ҳаюн хостӣ,
Ки пушташ ба дебо биёростӣ.
Фурӯ ҳишта з-ӯ чор будӣ рикеб,
Ҳаме тохтӣ дар фарозу нишеб.
Рикобаш ду заррин, ду симин будӣ,
Ҳамон ҳар яке гавҳарогин будӣ.
Ҳамон зери таркаш камон мӯҳра дошт,
Диловар зи ҳар донише баҳра дошт.
Ба пеш андаромад- ш оҳу ду ҷуфт,
Ҷавонмард хандон ба Озода гуфт,
Ки «Эй моҳ, чун ман камонро ба зеҳ
Барорам, ба шаст андарорам гиреҳ,
Кадом оҳу афканда хоҳӣ ба тир,
Ки мода ҷавон асту ҳамто-ш пир?»
Чунин гуфт Озода: «Эй шермард!
Ба оҳу наҷӯянд мардон набар-д.
Ту он модаро нару гардон ба тир,
Шавад мода аз тири ту наррапир.
В-аз он пас ҳаюнро барангез тез,
Чу оҳу зи ҷанги ту гирад гурез.
Ҳамон мӯҳра андоз то гӯши хеш,
Ниҳад ҳамчунон хор бар дӯши хеш.
Ҳамон гаҳ зи мӯҳра бихорад-ш гӯш,
Беозор пояш барорад ба дӯш.
Ба пайкон сару пову дӯшаш бидӯз,
Чу хоҳӣ, ки хонам-т гетифурӯз».
Камонро ба зеҳ кард Баҳроми Гӯр
Барангехт з- он дашти арманда шӯр.
Ду пайкон ба таркаш яке тир дошт,
Ба дашт-андар аз баҳри нахчир дошт.