725. ҲУНАР НАМУДАНИ БАҲРОМ ДАР ШИКОРГОҲ
Дигар ҳафта бо лашкаре сарфароз
Ба нахчиргаҳ рафт бо юзу боз.
Бари бурзи кӯҳе яке шер дид,
Куҷо пушти гӯре ҳаме бардарид.
Баровард зоғи сияҳро ба зеҳ,
Ба тундӣ нишасту се пар зад гиреҳ.
Дили гӯр бардӯхт бо пушти шер,
Пур аз хун ҳизабр аз бару гӯр зер.
Дигар ҳафта Нӯъмону Мунзар ба роҳ,
Ҳамерафт бо ӯ ба ба нахчиргоҳ
Басе номвар мардум аз тозиён,
К- аз эшон будӣ роҳи суду зиён.
Ҳамехост Мунзар, ки Баҳроми Гӯр
Бад- эшон намояд савориву зӯр.
Шутурмурғ диданд ҷойи гала,
Давон ҳар яке чун ҳаюни яла.
Чу Баҳроми Гӯр он шутурмурғ дид,
Ба кирдори боди дамон бардамид.
Камонро бимолид ҷангӣ ба ҷанг,
Бизад бар камар чор тири хаданг.
Якояк ҳаме ронд андар камон,
Бад - ин то сар омад бар эшон замон,
Ҳаме парр(у) бишкофт бар тезтир,
Бад - он сон занад марди нахчиргир.
Ба як сӯзан ин з- он фурӯтар набуд,
Ҳамон тир з-ин тир бартар набуд.
Бирафту бидод, он ки буд номдор,
Ба як мӯй - бар буд захми савор.
Ҳаме офарин хонд Мунзар бар ӯй,
Ҳамон найзадорони пархошҷӯй.
Бад - ӯ гуфт Мунзар, ки- «Эй шаҳрёр,
Ба ту шодмонам чу гулбун ба бор.
Мабодо, ки хам оварад моҳи ту,
В - агар суст гардад камаргоҳи ту»
Ҳамон гаҳ чу Мунзар ба айвон расид,
Зи Баҳром рояш ба кайвон расид.
Фаровон муссавир биҷуст аз Яман
Шуданд он сарон бар дараш анҷуман.