726. ОМАДАНИ БАҲРОМ БО НӮЪМОН НАЗДИ ПАДАРАШ ЯЗДГИРД
Падар орзу кард Баҳромро,
Чӣ Баҳром, хуршеди худкомро.
Ба Мунзар чунин гуфт Баҳроми шер,
Ки «Ҳарчанд монам ба назди ту дер,
Ҳамон орзуи падар хезадам,
Чу эмин шавам, дил барангезадам.
Баророст Мунзар чу боист кор,
Зи шаҳри Яман ҳадяи шаҳрёр.
Зи аспони тозӣ ба зарринситом,
Зи чизе ки пурмоя бурданд ном.
Зи бурди ямониву теғи Яман,
Дигар ҳар чӣ буд маъданаш дар Адан.
Чу Нӯъмон, ки бо шоҳ ҳамроҳ буд,
Мар ӯро ба назди падар ҷоҳ буд.
Чунин то ба шаҳри Ситахр омаданд,
Зи шоҳон ҳаме достонҳо заданд.
В- аз он пас чу огоҳӣ омад ба шоҳ,
Зи фарзанду Нӯъмони тозӣ ба роҳ,
Пазира шудандаш ҳама мӯбадон
Зи даргоҳ бедордил бихрадон.
Чу аз дур Баҳромро дид шоҳ,
Бад - он фарру он шоҳу он гирдгоҳ,
Шигифтӣ фурӯ монд аз кори ӯй,
Зи болову фарҳангу дидори ӯй.
Фаровон бипурсиду бинвохташ,
Ба наздики худ ҷойгаҳ сохташ.
Ба барзан-дарун ҷойи Нӯъмон гузид
Яке кох Баҳромро чун сазид.
Фиристод наздики ӯ бандагон,
Чу андархур омад парастандагон.
Шабу рӯз Баҳром пеши падар
Ҳаме аз парастиш нахорид сар.
Чу як моҳ Нӯъмон бибуд назди шоҳ,
Ҳаме хост, то бозгардад ба роҳ.
Ба шаб кас фиристод, ӯро бихонд,
Баробар - ш бар тахти шоҳӣ нишонд.
Бад - ӯ гуфт: «Мунзар басе ранҷ дид,
Ки озода Баҳромро парварид.