727. БАНД КАРДАНИ ЯЗДГИРД БАҲРОМРО ВА БОЗОМАДАНИ Ӯ НАЗДИ МАНЗАР
Чунон буд, ки як рӯз бар базмгоҳ
Ҳаме буд бар пой дар пеши шоҳ.
Чу шуд дер бар пой, хоб омадаш,
Ҳам аз истодан шитоб омадаш.
Падар чун бидидаш ба ҳам бурда чашм,
Ба тундӣ яке бонг барзад зи хашм.
Ба дажҳим фармуд к- ӯро бубар,
К - аз ин пас набинад кулоҳу камар.
Бар ӯ хона зиндон куну бозгард,
Назебад бар ин гоҳи нангу набард.
Ба айвон ҳаме буд хастаҷигар,
Надид андар он сол рӯи падар,
Магар рӯзи Наврӯзу ҷашни Сада,
Ки ӯ пеш рафтӣ миёни рада.
Чунон буд, ки Тайнуши румӣ зи роҳ
Фиристода омад ба наздики шоҳ.
Або бадраву бардаву божи Рум
Фиристод қайсар бад - ин марзу бум.
Чу омад шаҳаншоҳ, бинвохташ,
Сазовори ӯ ҷойгаҳ сохташ.
Фиристод Баҳром зӣ ӯ паём,
Ки эй марди бедори густурдаком
Зи кеҳтар ба чизе биёзурд шоҳ,
В- аз ӯ дур гаштам ҳаме бегуноҳ.
Ту хоҳишгарӣ кун, ба ту бахшадам,
Магар бахти пажмурда бидрахшадам.
Сӯи доягонам фиристад магар,
Ки Мунзар маро беҳ зи мому падар.
Чу Тайнуш бишнид пайғоми ӯй,
Баровард аз он орзу коми ӯй.
Дилозор Баҳром аз он шод гашт,
В - аз он банди бемоя озод гашт.
Ба дарвеш бахшид бисёр чиз,
В - аз он ҷойгаҳ рафтан орост низ.
Ҳаме зердастони худро бихонд,
Шаби тира чун бод лашкар биронд.
Ба ёрон чунин гуфт: «Яздон сипос,
Ки рафтему эмин шудем аз ҳарос».