Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

728. ОМАДАНИ ЯЗДГИРД БА ТӮС ВА КУШТАНИ АСПИ ОБӢ ӮРО

Бар ин низ чанде замон баргузашт, Ба айвон падар, пури фаррух ба дашт. В- аз он пас ғаму шодии Яздгард Сар омад ҳаме з- ахтари тезгард. Зи шоҳӣ пурандеша шуд Яздгирд, Зи ҳар кишваре мӯбадон кард гирд. Ба ахтаршиносон бифармуд шоҳ, Ки то кард ҳар як ахтар нигоҳ, Ки то кай бувад дар ҷаҳон марги ӯ, Куҷо тира гардад сару тарги ӯ. Чу бошад, куҷо бошад он рӯзгор, Ки пажмурда гардад рухи шаҳрёр. Ситорашумар гуфт, к - ин худ мабод, Ки шоҳи ҷаҳон гирад аз марг ёд. Чу бахти шаҳаншоҳ бадрӯ шавад, Аз эдар сӯи чашмаи Сӯ шавад. Фароз оварад лашкару бӯқу кӯс Ба шодӣ назора шавад сӯи Тӯс. Бар он ҷойгаҳ - бар бувад ҳуши ӯ, Чунин роз бигзашт бар гӯши ӯ. Аз ин дониш ар ёд гирад, бад аст, Ки ин роз дар пардаи Эзад аст. Чу бишнид аз ӯ шоҳ, савганд х(в)ард, Ба Харродбарзину хуршеди зард. Ки ман чашмаи Сӯ набинам ба чашм, На ҳангоми шодӣ, на ҳангоми хашм. Бар ин низ бугзашт гардун се моҳ, Замона ба ҷӯш омад аз хуни шоҳ. Зи бинӣ-ш букшод як рӯз хун, Пизишк омад аз ҳар сӯе раҳнамун. Ба дору чу як ҳафта бастӣ пизишк, Дигар ҳафта хун омадӣ чун сиришк.