Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

729. РАФТАНИ ЯЗДГИРД БА ЧАШМАИ СӮ БА ГУФТОРИ МӮБАД ВА КУШТАНИ АСПИ ОБӢ ӮРО

Бад - ӯ гуфт мӯбад, ки «Эй шаҳрёр, Бигаштӣ ту аз роҳи Парвардгор. Ту гуфтӣ, ки бугрезам аз ҷанги марг, Куҷо нестат марг ҳаргиз ба барг. Туро чора он аст, к - аз роҳи Шаҳд Сӯи чашмаи Сӯ гироӣ ба маҳд. Ниёиш кунӣ пеши Яздони пок, Ба зорӣ бигардӣ бар он гармхок. Бигӯӣ, ки ман, жандаи нотавон, Зада доми савганд пеши равон. Кунун омадам, то замонам куҷост, Ба пеши ту, эй довари доду рост. Чу бишнид шоҳ ин, писанд омадаш, Ҳамон дардро судманд омадаш. Биёвард сесад имориву маҳд, Гузар кард бар сӯи дарёи Шаҳд. Шабу рӯз тозон ба маҳд-андарун, Зи бинӣ-ш гаҳ - гаҳ ҳамерафт хун. Чу наздикии чашмаи Сӯ расид, Бурун омад аз маҳду дарё бидид. В - аз он об лахте ба сар барниҳод, Зи Яздони некидиҳиш кард ёд. Замоне зи бинӣ наёмад-ш хун, Бихӯрду биёсуд бо раҳнамун. Манӣ карду гуфт: «Ин- т оину рой. Нишастам чӣ боист чанде ба ҷой?» Чу гарданкашӣ кард шоҳи рама, Ки аз хештан дод некӣ ҳама, Зи дарё баромад яке аспи хинг, Сурингирд чун гӯру кӯтоҳлинг. Дамон ҳамчу шери жиён, пур зи хашм, Баланду сияҳхояву зоғчашм. Кашон думм(у) бар пову бар ёл буш, Сияҳсумму кафкафкану шӯркуш, Чунин гуфт бо меҳтарон Яздгирд, Ки «Инро сипоҳ андароранд гирд». Бишуд гирд чӯпону ду курратоз, Або зину печонкаманди дароз.