Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

730. НИШОНДАНИ МЕҲОН ХУСРАВРО БА ТАХТ

Чу дар дахма шуд шаҳрёри ҷаҳон, Аз Эрон бирафтанд гирён меҳон. Куноранг бо мӯбаду паҳлавон, Ҳашивору дастури равшанравон. Ҳама пок дар Порс гирд омаданд, Бари дахмаи Яздгирд омаданд. Чу Густаҳм, к - ӯ пил куштӣ бар асп, Дигар Қорани гурди пури Гушасп. Чу Милод бо Ораши марзбон, Чу Пирӯзи аспафкан аз Гурзбон. Дигар ҳар кӣ буданд аз Эрон меҳон, Бузургону кундоварони ҷаҳон, Куҷо хорашон доштӣ Яздгирд, Ҳама омаданд андар он шаҳр гирд. Чунин гуфт, гӯё Гушаспи дабир, Ки «Эй номдорони барнову пир! Ҷаҳондори мо то ҷаҳон офарид, Касе з - ин нишон шаҳрёре надид. Надонист ҷуз куштанударду ранҷ, Зи кеҳтар ниҳон кардани рою ганҷ. Аз ин шоҳ нопоктар кас надид, На аз паҳлавонони пешин шунид. Нахоҳем бар тахт аз ин тухма кас, Зи хокаш ба Яздон бинолему бас. Сарафроз Баҳром фарзанди ӯст, Зи мағзу дилу рою пайванди ӯст. Зи Мунзар кушояд сухан сарбасар, Нахоҳем бар тахт бедодгар. Бихӯрданд савгандҳои гарон, Ҳар он кас, ки буданд аз Эрон сарон. К - аз ин тухма касро ба шоҳаншаҳӣ Нахоҳем бо тоҷу тахти меҳӣ. Бар ин барниҳоданду бархостанд, Ҳама шаҳрёри дигар хостанд. Чу огоҳии марги шоҳи ҷаҳон Пароканда шуд дар миёни меҳон, Алоншоҳу чун паҳлавони сипоҳ, Чу Беварду Шукнони зарринкулоҳ.